“МЮ” дарвозаи “Челси”-ро торумор кард

0
1 298 просмотров

Дар бозии мавқуфгузошташудаи  даври 32-юми чемпионати Англия   дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Челси”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олд Траффорд”-и шаҳри Манчестер  дар ҳузури 73 561 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 1  ба суди мизбонон   хотима ёфт.

Голҳоро дар  ин вохӯрӣ Каземиро, Антони Марсял,  Бруно Фернандеш, Маркус Рэшфорд ва Жоау Феликс    ба самар расониданд.

Пас аз ин пирӯзӣ дастпарварони Эрик тен Ҳаг ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот баромаданд ва роҳхати Лигаи Чемпионҳоро барои мавсими нав ба даст оварданд.  Ҳоло “Девҳои сурх” бо 72 имтиёз мавқеи “Нюкасл”-ро дар ҷадвали мусобиқот ишғол карданд. “Нюкасл” бо 70 имтиёз дар зинаи 4-ум мавқеъ гирифтааст. “Челси”  бо 43  имтиёз дар зинаи 12-ум аст.

Дар даври охири ПЛА дастаи “Манчестер Юнайтед” дар мизбонӣ бо “Фулхэм” майдондорӣ мекунад.  “Челси” дар шаҳри Лондон бо “Нюкасл” бозӣ  мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как выбрать детское мыло

Маленький человечек имеет чувствительную и нежную кожу. Именно поэтому нужно очень серьезно подойти к выбору для него детского мыла. А это, порой, представляет собой очень ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: