Мусобиқаи тирпаронӣ миёни хонандагон ва сарбозон

0
4 553 просмотров

Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ мусобиқаи харбӣ-варзишии «Тирпарронӣ» бахшида ба 22-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир шуд.

Чорабинии мазкур миёни хонандагон ва дастаҳо аз қисмҳои низомии мақомоти қудратӣ гузаронида шуд. Масъулини кумита ва КМ «Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон» ба ғолибони мусобикаи тирпарронӣ, ки миёни хонандаҳои синфҳои болоии ноҳияи И. Сомонӣ доир шуд, медалу дипломҳо супориданд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар ҷаласаи тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон «Ориёно» доир мешавад, ба дастаҳои сарбозони ғолиби мусобиқаи мазкур ҷому туҳфаҳо супорида хоҳанд шуд. Дар ин бора khovar.tj хабар медихад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мафтуна дар Олимпиада соҳиби Шоҳҷоиза гардид

Хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд  Мафтуна Муродуллоева дар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: