Мунтахаби футболбозони ҷавонони Тоҷикистон ба Баҳрайн сафар кард

0
1 797 просмотров

Тими ҷавонони футболбози Тоҷикистон санаи 1-уми сентябр, барои вохӯриҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Баҳрайн, ки рӯзҳои 3 ва 6 сентябр баргузор мешаванд, ба ба шаҳри Манама сафар кард.

Ҳайати ҷавонони кишвар тавассути хатсайри Душанбе- Дубай ва Дубай ба Манама рафтанд. Ба ҳайати тими футболбозони тоҷик 23 нафар бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгарва 3 ҳамлагар шомил буданд. Инчунин ба ҳайати дастаду легионер – нимҳимоятгари тими “Навбаҳор” -и Ӯзбакистон Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Шаҳром Самиев аз тими  «Торпедо-БелАЗ» -и Беларус даъват карда шуданд.

Бозиҳои дӯстонаи дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагии тими миллии тоҷик ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 то 31 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳисоб мераванд. Мунтахаби ҷавонони кишвар дар як гурӯҳ бодастаҳои Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ хоҳанд кард.

Дар ин бора сомонаи асосии телевизиони “Варзиш” хабар додааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳайвоноти Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз

Давоми солҳои тӯлонӣ паррондани оммавии ҳайвоноти бесоҳиб дар Душанбе кори маъмулӣ буд. Одамон изҳори норозигӣ мекарданд, ҳукуматдорон мефаҳмонданд: ин ҳама — ба манфиати шаҳрвандон, ғамхорӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: