Раиси вилояти Суғд гурӯҳи ҳафт нафараи ҳунармандони афғонро, ки барои омӯзонидани қолинбофии тарзи афғонӣ ба вилояти Суғд даъват шуданд, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки ҳамкории судманди дуҷониба метавонад дар рушди фарҳангу ҳунарҳои муштарак мусоидат намояд. Ҳунармандони афғонӣ қаноатмандии худро аз ҳамкориҳои судманд баён дошта, изҳор намуданд, ки дар марҳилаи аввали муайянгардида, ки 6 моҳро дар бар мегирад, тамоми нозукиҳои қолинбофии афғониро ба занони тоҷик меомузонанд. Ҳунармандони афғон ҳамзамон аз маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» боздид намуда, пас аз шиносоӣ изҳор доштанд, ки аллакай занони тоҷик ҳунари қолинбофиро балад гаштаанд. Аммо боз зарур аст, ки онро рушд ва такмил диҳанд. Бояд гуфт, ки анъанаи қолинбофии тарзи афғонӣ таърихи бисёрсола дошта, айни замон бо ин ҳунар зиёда аз 6 миллион шаҳрвандони Афғонистон шуғл меварзанд. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳанд.
Дар кадом ҳолат инсон зуд асабонӣ мешавад
Аз рӯи мушоҳида эҳсос мекунам, ки калимаҳои ба истилоҳ «навбаромад», ки танҳо дар адабиёти илмӣ аксарашон маҳфуз буданд, имрӯз хеле серистеъмоланд. Ба мисол вожаҳои афсурдагию ...

рахмат барои хабар ки дастраси мо кардед
Ташаккур барои маълумот
Рахмати калон барои хабар