Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Бердинияз Мятиев

0
3 897 просмотров

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 19 октябр муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердинияз Мятиевро, ки ҷиҳати муҳокимаи масоили марбут ба сафари расмии қарибулвуқӯи   Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Ҳамчунин мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердинияз  Мятиев баргузор шуд. Зимни вохӯриҳо, ки чун анъана дар фазои дӯстию ҳусни эътимод доир гардиданд, мавзӯъҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бахшида ба иди Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона баргузор мегардад

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастон санаи 17 март бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: