Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо шаҳдори Кавасаки Япония

0
2 003 просмотров

26 феврал  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов ба шаҳри Кавасаки сафари корӣ анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо шаҳрдор Фукуда Нориҳико баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи имкониятҳои мавҷудаи иқтисодиву тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуда, рағбати худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун баён карданд.

Инчунин 26 феврал Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Кавасаки Шиничи Накаяма вохӯрӣ кард.

Дар мулоқот роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат ва энергетика табодули назар сурат гирифт.

Сафир дар бораи дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маълумот дода, аз доираҳои сармоягузор ва  соҳибкорони японӣ даъват намуд, то дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ дар ин раванд саҳмгузор бошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандон баргузор мегардад

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шуд. Баргузории намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: