Моҷарои оилавӣ дар бозори Истаравшан ва захмишавии ҳамсарон

0
5 357 просмотров

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони суиқасд ба куштор дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки номбурда рӯзи 29 ноябр дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан бо ҳамсараш, зани 24-сола ба муноқишаву ҷангу ҷанҷол пардохта, сипас бо мақсади куштор бо корди хоҷагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст.

Гуфта мешавад, баъдан гумонбаршуда бо мақсади худкушӣ бо корди мазкур 1 маротиба ба қафаси синаи худ низ зарба задааст. Дар натиҷа зану шавҳар ҷароҳатҳои гуногуни чисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.

http://news.tj/tj/news/mo-aroi-oilav-dar-bozori-istaravshan-va-zakhmishavii-amsaron

Нет комментариев

Также рекомендуем

Названы худшие аэропорты мира

Международный аэропорт Кувейта возглавил рейтинг худших аэропортов мира. Список был составлен на основе опросов пассажиров компанией AirHelp, выплачивающей компенсации при задержке рейсов. Второе место среди ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: