Медалҳои Самбочиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

0
2 317 просмотров

Рӯзҳои 22-23 марти соли ҷорӣ  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев баргузор шуд, ки варзишгарони шинохати   тоҷик сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо-2018 Хушқадам Хусравов дар вазни-62кг бар варзишгарони Нидерланд (Нияк Ланеӣеретс), Эстония (Вадим Фомин) дастболо шуда, сипас аз варзишгари мизбон Владимир Березовский, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Хушқадам баъдан барои ҷои сеюм намояндаи Муғулистон Унуболд Лҳагваҷамтсро шикаст дод. Варзишгари дигари тоҷик Бахтовар Абдуллоев дар вазни-100кг, равияи самбои размӣ низ сазовори медали биринҷӣ шуд. Ду намояндаи дигари тоҷик Файзиддин Абдуллоев дар самбо, вазни-90кг ва Сорбон Латипов дар самбои размӣ, вазни-62кг аз медалҳо бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем,ки дар мусобиқаи маскур, 250 варзишгар аз 33 давлат иштирок намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хуршед Сатторов: от создания первой коллекции на студенческую стипендию до мировой известности

Лидером нации уважаемым Эмомали Рахмоном был высоко оценен труд создателей культурной шоу-программы, на Центральном стадионе города Душанбе в честь Дня молодёжи. Особенно были привлекательными нарядность, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: