Мбаппе ба Месси баробар мешавад

0
4 788 просмотров

Нашрияи El Mundo хабар медиҳад, ки бошгоҳи футболи «Пари Сен-Жермен»- и Фаронса барои нигоҳ доштани ҳамлагари калидиаш — Килиан Мбаппе дар даста музди маоши ӯро дар як сол 40 млн евро пешниҳод мекунад. Лео Месси низ дар «Барселона» тақрибан чунин маош мегирад. Ҳамчунин дар хабар зикр шудааст, ки «ПСЖ» барои тамдиди шартномаи ҳамкорӣ бо Неймар низ гуфтушунидҳо гузаронида истодааст. Муҳлати қарордоди ҳарду футболбоз то соли 2022   эътибор доранд. Чанде пеш расонаҳо менавиштанд, ки Мбаппе ба сармураббии «Реал Мадрид» Зинедин Зидан дар бораи хоҳиши тарки «ПСЖ» доштанашро иброз намудааст. Дар мавсими ҷорӣ Килиан Мбаппе дар ҳайати бошгоҳи парижӣ 35 маротиба ба майдон баромада, муаллифи 31 гол гардидааст.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Зуҳуров аз минбари СММ доир ба қарор додани демократия дар хидмат ба сулҳ сухан кард

«Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори кишвари ҳуқуқбунёд, риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, рушди демократияро ҳадафи тақдирсози худ мешуморад.Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, «роҳи мо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: