Мбаппе қарори ниҳоии худро дар бораи ояндааш баровард

0
1 999 просмотров

Журналисти машҳури итолиёвӣ Ҷанлуки Ди Мартсио дар саҳифаи «твиттер»-и хеш хабар додааст, ки ситораи дурахшони дастаи «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе тасмими ниҳоӣ гирифтааст, то фаъолияти минбаъдаи варзишии хешро дар ҳайати “Реал Мадрид” пушти сар намояд.

Тибқи маълумоти журналист фаронсавӣ аллакай бо мадридиҳо дар ин бора ба мувофиқа расида, эҳтимол аст, ки то оғози моҳи феврал бо “Реал” қарордод бандад. Ӯ аз байни дастаҳои сершумор маҳз дастаи “шоҳона”-ро интихоб намудааст. Шартномаи феълии фаронсавӣ бо “ПСЖ” то анҷоми мавсими ҷорӣ эътибор дорад. Ҳамин тавр ӯ ба ҳайси футболбози озод ба ҳайати “гаразмониҳо” гузариш мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Килиан аз соли 2017 дар дастаи ПСЖ бозӣ мекунад ва қабл аз ин ӯ шарафи “Монако”-ро ҳимоя мекард.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 19.08.2021

 Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3229 сомонӣ; 1 евро – 13.2682  сомонӣ; ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: