Матбуоти тоҷик 105-сола мешавад

0
5 106 просмотров

Дафтраи матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Барномаҳои бузургдошт аз Рӯзи матбуоти тоҷик 10 март дар Намоишсарои Лоҳутӣ (Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) баргузор хоҳанд шуд. Ин ҷашн бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷашн намояндагони давлат, расонаҳо ва устодону собиқадорони матбуот ширкат хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки нахустин рӯзнома ба забони форсии тоҷикӣ 11 марти соли 1912 дар Бухоро мунташир шуда буд ва «Бухорои шариф» ном дошт. Пас аз мустақил шудани Тоҷикистон 11 март «Рӯзи матбуоти тоҷик» эълом шуд ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Манбаъ: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сафари расмӣ ба Ҳиндустон

Имрӯз, 12-уми майи соли 2015 бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Ҷумҳурии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: