Дар шаҳри Гвадалахараи қисми ғарбии Мексика маросими булаҷабе баргузор гардид. Дар ҷараёни ин чорабнӣ сарошпазҳои 130 тарабхона дастаҷамъона ба пухтани кулчақанди ғайриоддӣ иқдом намуданд. Онҳо ҳангоми омода намудани ин ғизоворӣ аз маҳсулоти гӯштӣ низ истифода бурданд. Кулчақанди омодашударо сарошпазҳо «Тако» унвон намуданд. Ба иқрори шоҳидону мутахассисон кӯлчақанди мазкурро бо маҳорати баланди касбӣ тайёр карда буданд, ки хеле ширину бомазза маълум шуд. Барои пухтани ин ғизо аз 2 тонна маҳсулоти гӯштию хамирӣ ва ғайра истифода бурданд. Кулчақанд дар давоми 6 соат омода шуда, дарозии он 3 километрро ташкил медиҳад. Кулчақанд яке аз ғизоҳои миллии мексикоӣ ба шумор меравад. Масъулини маърака тасмим гирифтаанд, ки кулчақанди худро барои шомил шудан ба китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод намоянд. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медиҳад.
Республика Таджикистан презентовала свой павильон на специализированной международной выставке «ЭКСПО-2017» в Астане
Представительные делегации бизнеса Казахстана, Китая, Таджикистана, Кыргызстана, России и Узбекистана, возглавляемые председателями национальных частей Делового совета ШОС, а также представители стран-наблюдателей ШОС 8 июня посетили ...


Нет комментариев