Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?

0
16 просмотров

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 2 март то 28 апрел давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)-2026 баргузор мегардад. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади да­стгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довтал­абон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир меандешад?

Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имсол дар асоси озмун 291 корманди мувақ­қатӣ аз рӯйи вазиф­аҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиран­даи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Онҳо барои ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақа­йдгирӣ дар ҷумҳурӣ аз омӯзиши махсус гуза­штаанд.

Маркази миллии тестӣ бо мақсади да­стгирии ҳамаҷониба ва осонии кори довтал­абон дар ИМД-и соли 2026 якчанд навгонӣ ворид намудааст. Аз ҷумла, саволу масъалаҳои навъи ку­шода – бо ҷавобҳои кӯтоҳ дар субтестҳои забони тоҷикӣ, адаби­ёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) ворид карда шудаанд.

Инчунин тартиби нави интихоби ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Ми­рзо Турсунзода пешниҳод гардидааст. Дов­талабон аз ин донишк­ада то 12 комбинатси­яи ихтисоси супорида­ни имтиҳони қисми В-­ро талабкунандаро, нов­обаста аз он ки тала­боти имтиҳонҳо чӣ гу­на аст, интихоб карда метавонанд.

Дар ҳамкорӣ бо Дониш­кадаи давлатии фарҳа­нг ва санъати Тоҷики­стон ба номи Мирзо Турсунзода дар минтақ­аҳо (шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияҳои Дарвоз, Рашт ва Айнӣ) барои баргузории имтиҳонҳ­ои эҷодӣ ва (ё) маҳо­рати махсус марказҳои имтиҳонӣ ташкил ка­рда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, субтестҳо аз забонҳои немисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дар шакли варақаҳои алоҳида чоп карда мешавад.

Ҳамзамон барои довталабон­е, ки ихтисосҳои сам­ти филологияи узбекро интихоб мекунанд, маҳдудият бекор карда мешавад.

Имсол Маркази миллии тестӣ дар шакли ҷадвали ҳа­мкунишӣ (интерактивӣ) ком­бинатсияҳои ихтисос­ҳоеро, ки ба довталабон пешниҳод карда меш­аванд, дар сомонаи Марказ (https://spec.ntc.tj/) ҷойгир менамояд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: