Марҳилаи дуюми амалиёти “Нелегал-2015” оғоз гардид

0
2 594 просмотров

Дар вилояти Суғд марҳилаи дуюми амалиёти муштараки махсуси “Нелегал-2015” муташаккилона оғоз ёфт, ки то санаи 9 октябр давом меёбад.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин амалиёти махсус ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ин амалиёт дар радифи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳҳои санҷишии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ҳам иштирок менамоянд.

Дар давоми рӯзҳои 21-25 сентябр дар доираи амалиёти махсуси “Нелегал-2015” 3 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд ва амалиёт ҳоло идома дорад.

Дар ин бора http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5371-migracia хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 18.09.2017

Имрӯз, 18 сентябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: