Мақоми аввали Мубориз Мунавваров дар Уляновск

0
5 976 просмотров

Дар шаҳри Уляновски Федератсияи Россия нахустин Фестивали бозиҳои варзишии миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гашт. Дар мусобиқа варзишгарони 11 давлати узви ИДМ иштирок намуда, тайи 7 рӯз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Миёни ширкаткунандагони Фестивали бозиҳои варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мубориз Мунавваров муаррифӣ намуд. Дар ҷараёни мусобиқа аз намуди гӯштини самбо Мунавваров дар рақобат бо ҳарифони худ дар вазни 74 килограмм дастболо ва сазовори ҷои ҷойи аввал гардид.

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Фархор: содироти пиёз ба хориҷи кишвар

Дар ноҳияи Фархор барои таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мардум бо маводи ғизоӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот мувофиқи дурнамои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: