Либоси донои Petit Pli якҷоя бо кӯдак калон мешавад

0
4 614 просмотров

Кӯдакон калон мешаванду мутассифона либоси онҳо не. Ин проблемаи доимиро либоси донои бачагонаи Petit Pli ҳал карда метавонад, ки ба наздикӣ сазовори ҷоизаи пуршарафи байналхалқӣ дар соҳаи саноати тарроҳии James Dyson Award гардидааст.

Офарандаи либоси донои Petit Pli – Райан Марио Ясин, муҳандис-тарҳкаши техникаи авиатсионӣ мебошад. Барои коркард намудани ин либоси доно як ҳолат ӯро ҳавасманд намуд. Як замон ӯ барои ҷиянаш дар намуди тӯҳфа якчанд либос ҳаридорӣ намуд, аммо ҳангоми фарорасии вақти супоридани тӯҳфа онҳо аллакай барои ҷиянаш майда шуда буданд.

«Бачаҳо дар 2 соли аввали ҳаёташон то ба «7- андоза  калон» мешаванд, мегӯяд Ясин. – Petit Pli аз маҳсулоти чиндори обногузар тайёр карда шудааст, ки ба ҳаҷми якчанд андоза аз ҳар самт калон шуда метавонад. Он мувофиқи калоншавии ҷисми соҳиби хурдакакаш ёзида, калон мешавад».

Аз ин либоси ғайриоддии «калоншаванда» кӯдак аз 4-моҳагӣ то 3-солагиаш истифода бурда метавонад. Ин либос хеле мустаҳкам буда, аз шамолу борон «наметарсад» ва инчунин шустанаш низ осон мебошад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Паралимпийцев из Белоруссии решили наказать за вынос российского флага

Международный паралимпийский комитет начал расследование в отношении одного из членов делегации сборной Белоруссии, который появился на церемонии открытия с российским флагом, сообщает BBC. Мужчине удалось пройти по стадиону несколько десятков ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: