Коронавирус пеши роҳи Универсиадаи зимистонаро гирифт

0
2 001 просмотров

Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ (FISU) тасмим гирифт, ки Универсиадаи зимистонаи соли 2021-ро ба далели пайдоиши навъи нави коронавирус бо номи омикрон лағв кунад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти FISU Швейтсария, ки дар он аллакай нахустин мавриди сирояти омикронӣ ошкор шудааст, марзҳояшро бастааст ва аз ин рӯ, баргузор кардани Универсиада, ки рӯзҳои 11-21 декабр дар Лютсерн пешбинӣ шудааст, ғайриимкон аст.

Ичрокунандаи вазифаи президенти FISU Леонс Эдер гуфт: «Мо ғайр аз бекор кардани Универсиада илоҷи дигаре надоштем. Ин қарор бо душвории зиёд қабул карда шуд».

Манбаъ: varzishtv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пластилинҳои ранга барои кӯдакон

Олами кӯдакон басо рангину гуворост.  Агар гурӯҳе бо тасвирҳои ҷолиб машғул бошанд, бархе ба сохтани чизҳои гуногун машғул мешаванд, Ҳамчунин волидоне, ки бештар бо кор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: