Корманди Вазорати адлия бо талаби маблағ барои иваз намудани ҷазои ҷиноятӣ дастгир гардид

0
2 796 просмотров

Собиров Абдумаҷид Холмирзоевич дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ) кор карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ барои мусоидат кардан дар таъйини ҷазои сабуктар нисбат ба шаҳрванд «А», ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз охирин маблағи 10000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз оварда додани 8000 сомонии дигарро талаб намуд.  

Дар ин бора аз  маркази матбуоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ 21 июли соли 2020 А.Собиров баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 8000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар ин асос нисбат ба А.Собиров бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Galaxy s8 – и ҳақиқиро аз қалбакӣ чӣ тавр фарқ кард?

Моделҳои муқаррари маъруфии смартфонҳои Samsung-ро фаъолона нусхабардормекунанд. Дастгоҳи нусхабардоришудаи чиниро ба харидорони зудбовар чунон пешниҳод менамоянд, ки гӯё он смартфонҳо аслӣ бошанд. Мутассифона кори Galaxy-и ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: