Кирилл Медников Тоҷикистонро дар озмуни «Песни»-и ТНТ муаррифи намуд

0
5 509 просмотров

Дар даври навбатии озмуни «Песни» дар шабакаи ТНТ Кирилл Медников сурудеро ба забони русӣ сароид. 

Овозхони душанбегӣ, Кирилл Медников ба даври навбатии озмуни мусиқавии «Песни» дар ТНТ роҳ ёфт. Овозхони ҷавони тоҷикистонӣ дар гурӯҳи 10-ум ба саҳна баромад. Ӯ ин бор суруди «Глупый ветер»-ро  ба забони русӣ сароид.

«Дар даври пеш ман сурудеро ба забони англисӣ сароидам. Ин бор ман сурудро ба забони русӣ месароям. Ин барои ман навгонӣ аст»,-гуфт Медников пеш аз иҷрои суруд. Қайд мешавад, ки овозхон матн ва мусиқии ин сурудро худ навиштааст.

Пас аз гӯш кардани суруд, ҳакамони озмун-Тимати ва Баста гуфтанд, ки Кирилл ба даври навбатӣ мегузарад. Озмуни ҳунарии «Песни» чанд моҳ боз дар шабакаи ТНТ Русия оғоз шудааст. Дар ин озмун  овозхонон аз гушаю канори гуногуни Русия ва берун аз он ширкат карда ҳунари овозхонии худро ба доварон намоиш медиҳанд.

Ҳадафи аслии ин озмун дарёфти ситораҳои нав барои ширкати бонуфузи шоу-бизнеси Русия, Black star мебошад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сарони ду давлат дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Дар шаҳри ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: