Қирғизистон созишнома бо Тоҷикистон дар бораи сохтмони ду пулро тасдиқ кард

1
5 298 просмотров

Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев қонун дар бораи тасдиқи 34Созишнома миёни ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи сохтмони ду пул ва қитъаҳои роҳи мошингард миёни марзҳои давлатии ҳарду кишварро, ки оид ба он санаи 31-уми марти соли 2014 дар Душанбе тавофуқ ҳосил шуда буд, ба имзо расонид. Бино ба иттилои агентии мазкур, президенти кишвари ҳамсоя ба Вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастур додааст, ки ҷониби Тоҷикистонро дар бораи аз ҷониби Қирғизистон ба иҷро расидани расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур огоҳ созад. Қонун аз санаи интишор шуданаш ҳукми қонунӣ мегирад.Дар ҳамин ҳол, Отамбоев рӯзи 27-уми декабр зимни мулоқот бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудааст, ки пас аз вохӯрии ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол омадани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гардид.                                                      Дар ин бора  news.tj  хабар медиҳад.

1 comment

Добавить комментарий для Аъзамчон Отменить ответ

Также рекомендуем

Гютери IV — саги миллионер эълон карда шуд!

Сарватмандтарин саг дар сайёраи Замин Гютери IV буда, айни замон дар виллаи шахсиаш дар Тоскана зиндагии шоҳона дорад. Сагро “Шоҳзода”-и чорпо номидаанд. Ин саги зоти овчаркаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: