Килиан Мбаппе гирифтори бемории COVID-19 шуд

0
2 467 просмотров

Ҳамлагари дастаи «ПСЖ» ва тими мунтахаби Фаронса – Килиан Мбаппе гирифтори бемории коронавирус шудааст. Ҳамлагари 21-сола дар бозиҳои Лигаи Миллатҳо ба ҳайати тими миллии кишвараш даъват шуда буд. Аз сабаби натиҷаи мусбии санҷиш, ӯ дар бозӣ бар муқобили Хорватия вориди майдон намешавад.

Мбаппе аввалин футболбози «ПСЖ» нест , ки ба ин вирус гирифтор шудааст. Пештар хабар дода шуда буд , ки Неймар, Мауро Икарди, Анхел Ди Мария, Леандро Паредес ва боз ду бозигари дигари «ПСЖ», ки номашон ифшо нашудааст, мубталои COVID-19 гардидаанд. Аз ин сабаб, баргузории бозии байни парижиҳо ва «Ланс», ки рӯзи 10 сентябр дар назар аст, зери суол аст.

Бо сабаби иштирок дар финали Лигаи Чемпионҳо , «ПСЖ» дар Лигаи 1, ки ду давр аллакай гузаштааст, то ҳол ягон бозӣ накардааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард сарбозонро ба омӯзиши навъҳои техника ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ фаро мегирад

Бо оғоз намудани хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбозон аз рӯйи ихтисос дар марказҳои таълимии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба таълимоти фанҳои дақиқи низомӣ, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: