Каземиро ба “Фламенго” иҷора дода мешавад!

0
639 просмотров

Дастаи “Фламенго”-и Бразилия имкони харидории Каземиро аз “Манчестер Юнайтед”-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Transfer News Live дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) бо истинод ба журналист Хорхе Никола хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи шаҳри Манчестер розӣ шудааст, ки ниммуҳофизатгари 32-солаи бразилиро ба иҷора дода, қисми зиёди маошашро пардохт кунад.

Дар мавсими ҷорӣ Каземиро дар тамоми мусобиқаҳо 24 бозӣ гузаронида, ба задани 3 гол даст ёфтааст. Шартномаи Каземиро то соли 2026 бо “МЮ” амал мекунад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 12 миллион евро аст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дом Мухаммеда Али продали за $2,5 млн.

Поместье в Мичигане приобрёл турецкий фонд, действующий в США. Супруга Мухаммеда Али Лони Али продала дом и поместье, площадью 328 гектаров, расположенный в штате Мичиган на ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: