Ҷамъбасти “Донояк” дар кӯдакистони Хуҷанд

0
4 684 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд  дар доираи чорабиниҳои нақшавии шуъбаи маорифи шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак байни муҳассилини кӯдакистонҳои маркази вилоят озмуни шаҳрии “Донояк” баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар кўдакистони хусусии «Дилоро»-и шаҳр  доир гашта, дар он толибилмон- кӯдакон аз  31 муассисаи томактабии Хуҷанд иштирок намуданд.

Дар интиҳои озмун  ғолибон ва иштирокдорони фаъол аз кӯдакистонҳои  №40, 33, 13, 25, 12,36,24 бо  ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф сарфароз гардиданд.  Гуфта мешавад, акнун ғолибони озмуни шаҳрӣ ба даври вилоятӣ тайёрӣ хоҳанд дид. Дар ин бора агентии Ховар хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рӯзи Хуҷанди хуршедшаҳр таҷлил гардид

Чанд рӯз қабл бахшида ба Рӯзи Хуҷанд дар назди театри Камоли Хуҷандӣ чорабинии тантанавӣ фарогири барномаи театрикунонидашуда ва консертии ситораҳои дурахшони эстрадаи Тоҷикистон баргузор гардид. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: