Изҳори нигаронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқ нагардидани дастовардҳои ихтироъкорон

0
2 389 просмотров

Дар байни олимону муҳаққиқони кишвар ихтироъкорон ва навоварон кам нестанд, вале дастовардҳои онҳо дар истеҳсолот қариб, ки татбиқ намегарданд.

Ин нуктаро  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президент изҳор доштанд.

«Ихтироот ва кашфиёти илмӣ дар шакли патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба қайд гирифта мешаванд, вале аксари онҳо дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд, , — изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат ва илова карданд, — Мо то ҳанӯз механизми татбиқи дастовардҳои илму техникаро дар истеҳсолот тарҳрезӣ ва дарёфт накардаем».

Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корхонаҳои истеҳсолии вазорату идораҳои дахлдор, хусусан вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд бо ихтироъкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд, дастовардҳои онҳоро омӯзанд ва дар асоси шартнома бо муассисаҳои илмӣ барои татбиқ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Финал: Ҷоми Тоҷикистон-2021 насиби кӣ мешавад? дастаи «Хуҷанд» ё «Истиқлол» ?

Имрӯз, 9-уми декабр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 байни қаҳрамони Тоҷикистон дастаи “Истиқлол” ва ноибқаҳрамони мамлакат дастаи “Хуҷанд” баргузор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: