Истиқболи гарму самимии меҳмонон дар ноҳияи Айнӣ

0
4 191 просмотров

Дирӯз ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони дар вилояти Суғд оғоз гардид. Меҳмонони гиромиқадрро намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва сокинони ноҳияи Айнӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд. Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ сараввал дар зери муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулу гулдастаҳо гузошта, мақбараи шоирро зиёрат намуданд. Пас  аз ба итмом расидани қисми расмӣ барои меҳмонон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон” манзур карда шуд. Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода кулли иштирокчиёни ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғдро ба вилоят хайрамақдам гуфт. Дар навбати худ, муовини якуми Раиси ВМКБ Нуралӣ Риоев дар аснои суханронии худ аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуд. Сипас 800 нафар меҳмонони ВМКБ дар ҳайати чор гурӯҳ аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуданд.

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бунёди муассисаи таълимӣ барои 360 нафар дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар шаҳраки Ганҷободи ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ  бо мақсади беҳтар намудани  шароити таълиму тарбия барои 360 нафар хонанда муассисаи нави таълимӣ бунёд мегардад. Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: