Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали “Сураҷкунд Мела”

0
8 716 просмотров

10 нафар ҳунармандон ва ҳунарпешагони тоҷик дар Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела», ки дар иёлоти Ҳарянаи Ҷумҳурии Ҳиндустон 2 феврали соли 2018 оғоз гардида буд, иштирок доранд. Фестивали мазкур бузургтарин намоишгоҳи рақс ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҳиндустон мебошад. Рақс ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷикро дар ҷашнвора 5 нафар ҳунарпешагони рақс аз Ансамбли «Ҷаҳоноро»-и Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ ва панҷ нафар ҳунармандон аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Ҳисор ва Душанбе муаррифӣ хоҳанд кард. Ҳунармандон намунаҳои ҳунарҳои қолинбофӣ, чармгарӣ , заргарӣ, муҳрабофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарии тоҷикро ба маърази меҳмонони намоишгоҳ мегузоранд. Ҷашнвора то 18 феврали соли 2018 идома меёбад.

 

Манбаъ: сомонаи расмии Вазорати Фарҳанги ҶТ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Лисы, которые летают

Все мы привыкли к образу рыжей лисицы-сестрицы, которая то и дело кого-то обманывает: то ворону, то Буратино… А в зоопарках видим только самых обыкновенных лисиц ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: