Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии Бозиҳои Осиёӣ

0
6 149 просмотров

Дирӯз дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд. Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳои варзиш шомил мебошанд. Тоҷикистонро дар Бозиҳои 5-уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ намояндагӣ ҳоҳанд кард.

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Гражданство за $200 тыс., или 42 биткоина

Небольшая тихоокеанская страна Вануату стала первым государством мира, гражданство которого можно приобрести за биткоины. «В прошлом [в других странах] уже предпринимались попытки организовать процедуру оплаты ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: