Бо мақсади эмин будан аз микробу бактерияҳо мо дар рӯзгорамон собун барои дастро васеъ истифода мебарем. Собуни дастшӯйи ширкатҳои ҷаҳонии «Камей, Фа, Палмолив, Нивея, Невская косметика, Флорена» хеле машҳуранд. Онҳо бӯйи хуш дошта, пӯсти дастро мулоим нигоҳ медоранд. Собунҳо барои даст ду намуд доранд: оддӣ ва зиддибактерӣ. Мувофиқи тадқиқоти охирини табибони Амрико собуни зиддибактерӣ аз инфексияҳо муҳофизат намекунанд. Алалхусус аз зуком (грипп), чунки зуком бо воситаи вирусҳо ба якдигар мегузарад. Дар ҳолати мунтазам истифодабарии собуни зиддибактерӣ шумо на танҳо микроорганизмҳои зарарнок, балки фоидаоварро ҳам шуста мепартоед. Ин намуд собунҳоро дар вақти ба табобатгоҳҳо ё ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтан истифода бурдан мумкин аст. Дар ҳаёти ҳаррӯза истифодабарии собун барои дасти оддӣ кифоя аст. Кадом бӯйи хуши собун ё ранги онро интихоб намудан ба табъи шумо вобастагӣ дорад.
Омодагии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бозӣ бо дастаи «Ал-Раён»-и Қатар
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё тамринҳояшро дар варзишгоҳи шаҳри Риёз доир карда истодааст. Ба ҳайати даста ...


Нет комментариев