Интихоботи Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардад

0
3 525 просмотров

Интихоботи навбатии Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора 2 феврал ТАСС бо истинод ба муовини аввали раиси Палатаи қонунгузор (палатаи поён)-и парламенти Ӯзбекистон Акмал Саидов хабар дод.

«Тибқи лоиҳаи қонуне, ки Палатаи қонунгузор омода кардааст, интихоботи навбатии президентӣ на рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2021, балки 24 октябри соли равон доир мегардад. Интизор меравад, ки 5 феврал лоиҳаи қонуне, ки Палатаи қонунгузор омода кардааст, аз ҷониби Сенати (палатаи болоӣ — тавзеҳи ТАСС) парламент тасдиқ карда шавад», — гуфт А.Саидов.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

C 1 апреля повысится стоимость электроэнергии

С 1 апреля 2025 года в Таджикистане изменятся тарифы на электроэнергию. Соответствующее постановление правительства опубликовано в газете «Джумхурият». Согласно документу, для населения тариф увеличится до 35,36 дирамов ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: