Имрӯз туман мефарояд

0
2 456 просмотров

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи бебориш  шуда,  фаромадани туман дар  назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25  ва рӯзона -3-8 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,   шамол аз самти ғарб 3-8    метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3  ва рӯзона  5+10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона +11+16   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, ҳарорат шабона ба -3+2  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  шабона -1+1  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барномаҳои ройгони Photoshop дар базаи AI

Таҳиягарони Adobe ба зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки аксҳоро мустақилона таҳрир кунанд. Дар чорабиниҳои Adobe MAX 2019, барномаи Photoshop Camera бо истифода аз алгоритмҳои AI ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: