Златан Ибрагимович-ро аз футбол маҳрум мекунанд

0
2 762 просмотров

Форварди шведии дастаи “Милан” — Златан Ибрагимович қоидаҳои ФИФА-ро вайрон кард, зеро ӯ саҳмдори ширкати букмекерӣ мебошад. Агар ФИФА ҳамлагари шведиро гунаҳгор ҳисобад, вай то 1 миллион крони шведӣ ҷарима карда шавад ва ба муддати то се сол аз футбол маҳрум мегардад. Дар қоидаҳои ФИФА ва УЕФА банде мавҷуд аст, ки бозигарони марбут ба ширкатҳои букмекерӣ дар мусобиқаҳое, ки ин ташкилотҳо сарпарастӣ мекунанд, манъ аст. Златан ҳамоно соҳиби як ширкати букмекерӣ дар Малта мебошад, ки инро Эрик Скарп тасдиқ кардааст. Дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Шветсия — Ҳакан Шёстранд гуфт, ки ассотсиатсия ҳанӯз вазъро бо Ибра баррасӣ накардааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Tcell беҳтарин велосипедронҳои Тоҷикистонро дар сабқати Ҷоми «Критериум»-и Суғд дастгирӣ кард

Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо дастгирии ширкати Tcell барои аввалин бор мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани Ҷоми ФВҶТ «Критериум 2019»-ро дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: