Густариши ҳамкории судманд байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатар дар шаҳри Давҳа баррасӣ карда шуд

0
973 просмотров

7 март дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариш додани ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар самтҳои сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои инфрасохтори соҳаи саноат, нақлиёт ва истифодаи иқтидори иқтисодии истифоданашудаи ҳар ду ҷониб, ки дар рушди тиҷорати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну босубот дар минтақа дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеъ барои сармоягузорон мебошад ва соҳибкорони қатарӣ ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ ҳавасманд мебошанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба баён намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ моҳи январи соли 2021 пешниҳод мегардад

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: