Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон омад

0
6 222 просмотров

Субҳи имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмии дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд. Интизор меравад, ки худи ҳамин рӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом диҳад. Бояд тазаккур дод, ки ин сафари чоруми расмии Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон дар 9 соли раҳбариаш аст. Президенти Туркманистон бори охир дар моҳи май соли 2014 ба Душанбе ташриф оварда буд. Дар 22 соли ахир миёни ин ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда, ҳаҷми табодули молу коло байни ду кишвар соли гузашта 93 миллион долларро ташкил додааст.

 

 

Манбаъ:сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

 

 

 

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барқияи тасаллияти Эмомали Раҳмон ба Реҷеп Тайип Эрдуғон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Туркия боиси андӯҳи амиқи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: