Гулистон. Сокинон метавонанд бо рақами +992300000018 ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат намоянд

0
1 219 просмотров

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии шаҳр иқдоми наверо роҳандозӣ намуд.

Минбаъд сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро тариқи шабакаи Viber, WhatsApp ва Telegram бо рақами +992300000018 ба роҳбарияти шаҳр ирсол намоянд.

Ҳамчунин, сокинон метавонанд доир ба ҳодисаҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, расонидани зарари молиявӣ ба ашёи ҷамъиятиву давлатӣ, шикастани гулу дарахтон, ки дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби ашхоси бемаданият рух медиҳанд паём, сурат ва наворҳои видеоиро низ  ба роҳбарияти шаҳр ирсол намоянд.

Муроҷиатҳои сокинон сари вақт ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр расонида мешавад ва масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта корбарӣ хоҳанд намуд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Тоҷикистон: «Соли 2015 обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонид»

«Масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: