Гавазн ҳайвони чолок мебошад

0
3 769 просмотров

Гавазн, ҳайвонест ҷуфтсум; шохҳои панҷадори дароз дорад. Дар дунё 40 намуди гавазн маълум буда, дарАврупо, Осиё, Африқои шимоли ва ҷанубӣ паҳн шудааст. Дар собиқ СССР 6 намуди гавазн ( гавазни шимолӣ, шоҳгавазн, оҳу, гавазни холдор, лан ва хонгул) мавҷуд буда, аз он дар Тоҷикистон танҳо хонгул вомехӯрад.a-male-deer-cervidae-calling-north-john-short

Гавазнҳайвони базебу чолок мебошад. Пойҳои дарозу боқувват, думи кӯтоҳ ва гӯшҳои дарозу калон дощта, бештар мала ё бур (ҷавонаи гавазн аксар холдор) мешавад. Дар беша, бешатундра, тундра, инчунин, ҷангали кӯҳсор зиндагӣ мекунад. Ҳайвони алафхӯр, дар 1,5 – солаги болиғ мешавад. Гавазни мода 1 – 2 бача мезояд.reddeerstag

Дар мамнуъгохи «Ромит» ва «Полвонтугай» — и Тоҷикистон бештар аз 500 сар хонгул нигоҳ дошта мешавад. Хоҷагиҳои ҷангали чумҳури ба муҳофизат ва афзоиши саршумори онхо эътибори ҷидди медиҳанд. Шикори он қатъиян манъ аст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Раиси Палатаи ҳисоб: «Санҷишҳоро кам кардем, вале зарари молиявӣ зиёд ошкор шуд»

Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсоли аввали соли  равон  зарари молиявиро ба маблағи 89 млн. сомонӣ муайян намудаанд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли 2019 миқдори аудитҳо 45 адад кам,  вале  зарари ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: