ФАВРӢ! Заминларзаи шадид дар Тоҷикистон

0
3 885 просмотров

Имрӯз, 9 май сокинони Тоҷикистон заминларзаи шадидро эҳсос намуданд.

Заминларза тақрибан соати 15:40 ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шуд. Маркази он дар километри 296-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ва километри 56-уми самти ҷануби нуқтаи аҳолинишини Хоруғ дар умқи 116 километр ҷойгир буд. Ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо дар Баҳри Миёназамин, шиддатнокии заминларза дар маркази он 6,2 баллро ташкил дод.

Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Душанбе қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 4-5 баллро ташкил дод.

Ба иттилои ВАО, заминларзаро сокинони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон ва як зумра штатҳои Ҳиндустон низ эҳсос кардаанд.

Дар айни замон дар бораи осебдидагон ва хисорот маълумот нарасидааст.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намоишномаҳои театри Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрии Русия намоиш дода мешавад

Аз 23 октябр то 12 ноябри соли равон  дар дар шаҳрҳои Курган, Тюмен ва Ярослави Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии театрии «Фестивали театрҳои русӣ» (Фестиваль русских театров)  баргузор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: