Дзюдочиёни навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

0
2 795 просмотров

Аз нӯҳум то сенздаҳуми августи соли равон дар Чили Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин чемпионат 441 нафар варзишгарон аз 68 давлати ҷаҳон ширкат меварзанд.

Дар чемпионати мазкур аз ҷумҳурии мо 5 нафар варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде пеш (13-14 июл) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар мусобиқаи дзюдочиён Разиаллоҳ Лоиқов ва Ҷаҳонгир Маҷидов чемпиони Осиё гардида буданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Китай вывел 2 спутника навигационной системы

Китай при помощи ракеты-носителя «Чанчжэн-3-Би» вывел в космос 2 спутника навигационной системы Beidou. Как сообщило агентство «Синьхуа», тем самым КНР завершила формирование группировки спутников для ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: