Дурнамои даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 98,7 фоиз иҷро шуд

0
1 994 просмотров

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 98,7 фоиз иҷро шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод.

Комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, вилояти Хатлон, Душанбе ва навоҳии тобеи марказ маъракаи даъват ба сафи артишро 100 фоиз ба анҷом расониданд. Дар вилояти Суғд ин маърака 95 фоиз анҷом ёфтааст.

«Дар айни замон ихтиёриён аз курсҳои ронандагӣ дар назди ДОСААФ-и назди Вазорати мудофиа гузашта истодаанд. То имрӯз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро пурра анҷом додаан»,- иброз дошт Фаридун Маҳмадализода.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Минфин анонсировал укрепление рубля в 2016 году

Заместитель министра финансов Алексей Моисеев полагает, что укрепление рубля следует ждать в 2016 году, передает РИА «Новости». «Рубль всегда укрепляется в первом полугодии. Если посмотреть ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: