Долони нави мустақими ҳавоии байни Тоҷикистон ва Чин — POMIR-AGVUT ба масири транзитӣ табдил дода мешавад

0
482 просмотров

Дар шаҳри Душанбе 6-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия».

Дар мулоқот роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода, муовини маъмурияти Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин, ҳайати меҳмонони воломақоми авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндани ширкати ҳавопаймоии «China Southern Ailines» ва мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи ба масири транзитӣ табдил додани долони нави мустақими ҳавоии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (POMIR-AGVUT) ва ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷ матраҳ гардид.

Ҳамзамон дар доираи сафари худ намояндагони воломақоми авиатсияи граждании Чин бо утоқҳои корӣ, манораи муназзимии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва бо фаъолияти таъмини хизматрасонии аэронавигатсионии корхона аз наздик шинос шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки амалишавии ин иқдомҳо на танҳо барои Тоҷикистону Чин, балки барои кишварҳои Осиё ва Аврупо имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Ҳамзамон, ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ барои рушди иқтисод ва таҳкими шарикии стратегии ҳарду давлат ва дигар кишварҳои минтақа муҳим аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Француз обнаружил 100 кг золота в доме, который получил по наследству

Житель Нормандии обнаружил сто килограммов золота, спрятанного в доме, который он получил по наследству после смерти родственника. Сообщается, что мужчина сначала не проявил интерес к наследству и вызвал аукциониста для оценки ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: