Дастгиршавии донишҷӯ бо маводи тарфгарӣ

3
3 808 просмотров
Акс аз: pro-podolsk.ru

Акс аз: pro-podolsk.ru

Дар вилояти Суғд боз як ҳолати фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ошкор шуд. Тавре ки корманди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсупов иттилоъ дод, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи ВКД ноҳияи мазкур  ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Чкалов З. Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Панҷакент,  муваққатан  истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов дастгир гардид. Зимни боздошт аз ӯ 10 ҳазор дона  маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира  шуд.  Ба гуфти манбаъ, нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз  шуда,  тафтиш идома дорад.

Дар ин бора аз РВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ медиҳанд.

3 comments

Добавить комментарий для Биение сердца Отменить ответ

Также рекомендуем

Бозёфти таърихӣ аз шаҳри Кӯлоб

Аз маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб сарнайзаи дорои таърихи беш аз 5000-сола ёфт гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: