Дастгир шудани ду корманди милиса бар асари порагирӣ

0
2 535 просмотров

Муфаттиши шуъбаи тафтишотӣ ва ваколатдори калони фаврии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари америкоӣ дастгир гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Номбурдагон моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҳ.А. барои нисбат ба ӯ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ ба ин амал даст задаанд.

Боздоштшудагон аз номбурда дар хусуси гӯё бо роҳи дуздӣ аз Россия ба Тоҷикистон воситаи нақлиёт ворид намуда бошад, ҳазор доллари америкоӣ талаб намуда, гирифтаанд.

«Инчунин бо ҳамин роҳ аз шаҳрванд И.Ш. низ нуҳ ҳазор доллари америкоиро  тасарруф намудаанд», омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 247, қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Месси обошёл Роналду по числу голов

Аргентинский нападающий «Барселоны» Лионель Месси отметился голом прямым ударом со штрафного в матче 30-го тура чемпионата Испании с «Вильярреалом» (4:4). Благодаря этому на счету Месси теперь 81 гол со стандартных положений в Примере (29 — ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: