Дастаи ихтироъкорони вилояти Суғд дар озмуни байналмилалӣ ширкат меварзанд

0
2 035 просмотров

Бо дастгирии Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи ихтироъкорон ва навоварони вилояти Суғд — ғолибони озмуни байналмилалии «Мо навоварони асри ХХI» дар озмуни байналмилалии «Робототехника», ки аз ҷониби созмони бонуфузи амрикоии «First globall challange-2019» баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ дода, афзуданд, ки озмуни мазкур санаҳои 24-27 октябр дар маҷмааи «Кока — кола арена»- и шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки беш аз 190 намояндаи кишварҳои олам баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ба ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ дар риштаи техника ва навоварӣ даъват шудааст.

Манбаъ:Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: