Дастаи футболи “Помир” сармураббиашро иваз кард

0
2 428 просмотров

Мутахассиси соҳаи футболи Тоҷикистон Рустам Хоҷаеви 46-сола сармураббии дастаи футболи КМВА “Помир” таъйин шуд.

Бинобар сабаби натиҷаҳои ғайриқаноатбахш дар мавсими соли гузашта раҳбарияти даста қарордод бо сармураббии пешин Тоҳирҷон Муминовро тамдид накард.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 таҳти раҳбарии ин сармураббӣ даста ба медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон соҳиб шуда буд.

Мавсими гузашта Рустам Хоҷаев вазифаи сармураббигии дастаи “Панҷшер”-ро бар уҳда дошт. То кор дар “Панҷшер” ӯ соли 2017 дастаи “Хуҷанд”-ро ба роҳбарӣ гирифта, бо ин даста медали нуқраи мусобиқа ва Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Манбаъ: Азия Плюс

Нет комментариев

Также рекомендуем

Месси ва Аргентина ба Қатар мераванд

Мунтахабҳои Аргентина ва Бразилия дар бозии 14-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар минтақаи А. Ҷанубӣ вориди майдони набард шуданд. Гарчанде, ки рақобати дастаҳо шадид сурат ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: