Дар TASHKENT GRAND SLAM 2024 Тоҷикистонро 16 варзишгар намояндагӣ мекунад

0
681 просмотров

Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи навбатии «Сайри ҷаҳонии ҷудо» – Tashkent Grand Slam 2024  дар ҳайати 16 нафар иштирок менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Мусобиқа аз 1 то 3 март бо иштироки 463 варзишгари беш аз 70 давлат баргузор мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Мавлуда Одинаева (-63кг) байни духтарон ва  Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Беҳруз Ҳоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмуддинов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён,  Акмал Муродов (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон ва  Шакармаҳмад Мирмамадов (+100кг) байни мардон дохил мебошанд.

Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқа хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар ноҳияи Ашт кишти чигит оғоз ёфт

Дар минтақаи Урмонтоли Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт  маросими оғози кишти чигит бо  иштироки роҳбарон ва масъулини дахлдор доир карда шуд. Дар ин хусус ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: