Дар Суғд ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирпаронӣ доир гардид

0
647 просмотров

Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи клуби вилоятии варзишӣ — тирпаронии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирпарронӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Мусобиқа аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид.

Дар мусобиқа зиёда аз 50 варзишгар аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов фаъолона иштирок намуданд. Он аз рӯи намудҳои тирпаронии пневматикӣ (ВП-1 ва ПП-2) бо риояи қатъии қоидаҳои амалкунанда байни духтарон ва писарон гузаронида шуд.

Ғолибони мусобиқа бо медалу дипломҳои дараҷавӣ ва иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аввалин сомонаи интернетӣ 25 сола шуд

Аввалин сомона дар торномаи ҷахонӣ санаи 20 декабри соли 1990 пайдо шуд. Ин иттилоъро ташкилоти Аврупоӣ оид ба таҳқиқоти ядроӣ, ки ташкилкунанда ва соҳиби ин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: