Дар соли 2020-ум дар Ҷопон таксии бе ронанда пайдо мешавад.

0
4 074 просмотров

Мутахассисони ҷопонӣ ба коркарди автомобилҳои бесарнишин, яъне бидуни ронанда оғоз карданд, ки бо кашонидани мусофирон машғул хоҳад шуд.
Дар соли 2020-ум, дар Ҷопон таксии бесранишин пайдо мешавад.
Ҳукуматдорон қайд мекунанд, ки воситаи нави нақлиётӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар аллакай дар вақти барнгузории Бозиҳои Олимпӣ, ки дар Токиё доир мегардад, ба кор медарояд. Ғояи офаридани таксии бесарнишин, яъне бидуни ронанда аз ҷониби ҳукумати давлати Ҷопон пешниҳод карда шудааст.
Мутахассисон аллакай ба коркарди мошинҳои бе ронанда оғоз намуданд. Онҳо корро шурўъ карда, кашонидани мусофиронро танҳо дар он ҳоле оғоз мекунанд, ки агар дар вқти ҳаракати автомобил талаботҳои муайян иҷро карда шаванд.
Дар ҳолати сар задани садамаи роҳу нақлиётӣ ҷавобгариро ширкате ба дўши худ мегирад, ки бо истеҳсоли воситаи нақлиёти мазкур машғул шудааст. Ҳар як таксии бесарнишин бояд бо системаи фосилавии назоратбарӣ муҷаҳҳаз карда шуда бошад. Зеро ин чиз имкон медиҳад, ки хатсайри мошини бесарнишин, яъне бидуни ронанда назорат карда шавад.

Манбаъ: http://hitech-news.ru/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Android — соҳибони смартфонро назорат мекунад

Коршиносони фаронсавӣ муайян кардаанд, ки замимае ҳаст, ки маълумотҳои шахсии истифодабарандаи Android-ро назорат мебарад. Барои иштирок дар омӯзиш, 10 ихтиёриён, ҷалб шуда ба ҳар яки ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: