Ҳамкории гумрукии минтақаи Аврупоии Созмони ҷаҳонии гумрук

0
2 503 просмотров

Дар шаҳри Сочии  Федератсияи Россия санаи 16.04.18с  ҷаласаи роҳбарони хадамоти гумруки минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/  баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода намояндагӣ кард. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Дар ҷаласа, ки намояндагони беш аз 30 давлати  ҷаҳон ширкат доштанд, масоили марбут ба тиҷорати электронӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии сармоя, алоқаманд кардани низоми транзитии минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии гумрук, беҳтар намудани тартиботи идоракунӣ дар Созмон ва васеъ намудани истифодаи забонҳои корӣ дар фаъолияти он баррасӣ гардиданд.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон масъалаи вобаста ба интихоби Котиби генералии СҶГ, ки охири моҳи июни соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Созмон дар Брюссел доир мегардад, матраҳ намуданд.

Мавриди  зикр аст, ки Созмони ҷаҳонии гумрук соли 1953 таъсис  ёфта, беш аз 180 давлати дунёро дар худ муттаҳид менамояд. Қароргоҳи Созмон дар шаҳри Брюссели Белгия буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997  ба узвияти он пазируфта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Тоҷикистон наздик ба 250 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва беш аз 19 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

Санаи 18.05.2025 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ дар тамоми ҷумҳурӣ наздики 250  ҳазор нафар, дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: