Дар шаҳри Ҳисор ба 9 нафар шахси имконияташ маҳдуд аробачаи маъюбӣ супорида шуд

0
649 просмотров

Дар партави дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба 9 маъюбе, ки дар   ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, ба номи Мирзо Турсунзода, Ориён, Навобод, Ҳисор ва Сомони шаҳри Ҳисор зиндагӣ менамоянд, аробачаи маъюбӣ супорида шуд. 

Зимни тақдими аробачаҳои маъюбӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри ҷомеаро ҳаргиз хор шудан намемонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор низ омода аст ба ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намояд.

Аробачаҳои маъбӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дастрас гардидаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сафирони Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Ҷумҳурии Корея эътимоднома супориданд

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев супорид. Зимни супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: