Дар рӯзҳои Наврӯз Хуҷанд гулпӯшу сарсабз хоҳад шуд

0
3 450 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими шинондани гулҳои ороишӣ идома дорад. То имрӯз аллакай бо  кушишу заҳмати  кормандони 8 қитъаи хоҷагию манзилӣ ва Муассисаи давлатии кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳри Хуҷанд 20 ҳазор бех гули садбарг, 54 ҳазор дона гули навъи «канна» ва 15 ҳазор гулҳои  орошии ҳолландӣ ва маҳаллӣ шинонда шудааст.

Бо назардошти имконияти мавҷуда бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба корҳои гулшинонӣ ва ороишӣ дар майдонҳои шаҳр вусъати тоза дода шуда, барои гулпӯшу сабзпӯш намудани шаҳри Хуҷанди  бостонӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз бештар аз 1 миллион дона гулҳои орошӣ шинонда ва корида мешавад. Ҳамзамон шинондани ниҳолҳои сояафкан ва орошӣ низ дар кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят идома ёфта, тибқи маълумоти то ба имрӯз омодагашта, дар шаҳр 4 ҳазору 702 бех чунин ниҳолҳо шинонда шудааст. Дар мавсими имсола мутахассисон афзаоияти бештарро ба ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкани навъи ёси ҳиндӣ, ёси форсӣ, ардач, сарвинози шарқӣ, сарвинози аризонӣ, санавбар ва пальма доданд.

Манбаъ: http://khujand.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

ВКонтакте ва Yandex ба даҳгонаи сомонаҳои машҳуртарини ҷаҳон ворид шуданд

Шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ва муҳаррики ҷустуҷӯии «Yandex» ба даҳгонаи сомонаҳои машҳуртарини ҷаҳон дохил шуданд. Дар ин бора,  маълумотҳои ширкати байналмиллалӣ-тадқиқотии SimilarWeb гувоҳӣ медиҳад. Cе ҷоизаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: