Дар пойтахт Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT баргузор гардид

0
767 просмотров

Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи якуми байналмилалӣ оид ба таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар рақобатҳои даставии он Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 300 варзишгариштирок намуданд, ки аз ин шумора 120 нафар аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Муғулистон буданд.

Тоҷикистон байни онҳо рақобат намуда, дар рақобатҳои даставӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

ЗИЁДШАВИИ МАОШ ВА НАФАҚА

Тавре қаблан иттилоъ додем, шурӯъ аз 1 июл музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: